Пайвандҳои дастрасӣ

Қонун дар бораи ҳаққи шаҳрвандии Русия ислоҳ шуд


Думаи Давлатии Русия қонунеро ислоҳ кард, ки додани ҳаққи шаҳрвандӣ ба кудаконеро осон мекунад, ки яке аз волидонашон шаҳрвандии Русияро доранд. Барои ислоҳи Қонун дар бораи шаҳрвандии Русия, 442 вакили порлумон раъйи мувофиқ додаанд. Русия, ки аҳолиаш сол ба сол башиддат коҳиш меёбад, талош дорад, аз ҳисоби ҷалби шаҳрвандони кишварҳои шӯравии собиқ ин мушкилро ҳал кунад. Дар сурати ҳукми иҷро гирифтани ин қонун, агар яке аз волидони хориҷӣ ҳам розӣ набошад, Русия ба фарзанди муштараки онҳо ҳаққи шаҳрвандӣ медиҳад. Бар асоси қонуни пешина, ризоияти ҳарду волидайн барои қабули фарзанд ба шаҳрвандӣ зарур буд.
XS
SM
MD
LG