Пайвандҳои дастрасӣ

Аз одамрабоён хостанд, духтарони чехро баргардонанд


Кордиҳандаи як зани чехӣ, ки бо ҳамроҳаш дар Покистон рабуда шуд, бо ашк дар чашм аз одамрабоён хост, ки ӯро раҳо кунанд. Ҳана Ҳумпаловаи 24-сола ва дӯсташ Антония Храстетскаро рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми сафарашон дар вилояти Балуҷистони Покистон рабуданд. Ленка Фитсова, мудири созмони хайрияе, ки бо афроди маъюб кор мекунад, бо муроҷиат ба одамрабоён ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ӯро ба мо баргардонед. Ҳамчун мусулмон шумо медонед, ки зан чӣ мехоҳад, Худо чӣ мехоҳад. Ман мехоҳам, ӯро ба мо баргардонед, ба ӯ осеб нарасонед, сиҳату саломат баргардонед. Агар шумо ба ӯ осеб расонед, бидонед, ки Оллоҳ одил аст ва шуморо ҷазо хоҳад дод.“ Ронандаи автобусе, ки духтарони чехро аз дохили он рабуданд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки одамрабоён либоси низомӣ доштанд ва духтаронро ба самти марзи Эрон бурданд. Вилояти ноороми Балуҷистони Покистон тайи чанд моҳи ахир шоҳиди чанд ҳодисаи одамрабоӣ шуд, ки онҳоро кори дасти тундравони исломӣ, гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ва ҷинояткорон медонанд.
XS
SM
MD
LG