Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси рафъи таҳрими силоҳ ба Сурия дар Брусел


 Франсуа Олланд
Франсуа Олланд
Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дар Брусел пешниҳоди Британия ва Фаронса дар бораи рафъи таҳрими аслиҳа ба мухолифини режими президенти Сурия Башор ал-Асадро баррасӣ мекунанд.

Рӯзи панҷшанбе президенти Фаронса Франсуа Олланд гуфт, ки президенти Сурия ҳеҷ хоҳиш надорад низои дусоларо аз роҳи сиёсӣ ҳал намояд:

Мо бояд масъулиятро бар дӯш гирем. Мо наметавонем, ба куштори дастаҷамъии мардуми бегуноҳ иҷозат диҳем. Комилан возеҳ аст, ки ин режим ҳеҷ хоҳиш надорад, ба баҳс ва ё гузариши сиёсӣ имкон фароҳам орад.”

Вале Олмон бар ин назар аст, ки рафъи таҳрими силоҳ ба мухолифин низои Сурияро боз ҳам амиқтар хоҳад кард.

Баъзе икшварҳои аврупоӣ аз он нигаронанд, ки сиилоҳ метавонад ба дасти гурӯҳҳои ифротии исломӣ расад, ки мухолифи Аврупо мебошанд.

Дар давоми ду соли низоъ дар Сурия тибқи омори СММ камаш 70 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, як миллион нафар аз Сурия фирор кардааст.
XS
SM
MD
LG