Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду хонуми чехро дар Балуҷистон кӣ рабуд?


Як постгоҳи марзӣ миёни Эрон ва Покистон

Як постгоҳи марзӣ миёни Эрон ва Покистон

Ду хонуми сайёҳи чех, ки аз Эрон вориди Покистон гаштанд, рӯзи чоршанбе дар вилояти Балуҷистон рабуда шудаанд.

Автобуси онҳоро дар минтақаи Нав Кундии ноҳияи Чағӣ силоҳбадастони низомипӯши савори мошини Ланд Крузер мутаваққиф намудаанд.

Силоҳбадастон ду зани чехро ҳамроҳ бо афсарони полиси маҳаллӣ, ки автобусро ҳамроҳӣ мекардааст, бо худ бурдаанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ронандаи автобус, ки номаш Манухон аст, гуфтааст:

“Хонумҳоро хадамоти амниятии ноҳияи Тафтон тахминан соатҳои севу ним интиқол доданд. Соати панҷу 25 дар тақрибан 20 километрии нав Кундӣ оҳно автоубсро манъ карданд. Мо фикр кардем, ки ин полиси маҳаллӣ тафтиши маъмулии амниятиро мегузаронад. Ду нафар аз одамрабоён либоси оддӣ ва дигарон либоси низомӣ дар тан доштанд. Онҳо бо худ ҷиҳози бесими мухобирот доштанд. Онҳо бо хонумҳои чех ба забони англисӣ сӯҳбат карданд. Баъди панҷ дақиқа онҳо ин духтаронро бо худ ба самти Тафтон бурданд. Духтарони чех тахминан 20 сола мебошанд. Онҳо гиря накарданд. Ҳарчанд ки яке аз онҳо ғамгин буд. Одамрабоён хеде мутмаин буданд. Онҳо ҳатто аз ронанда талаб карданд, ки ҷомадонҳои духтаронро бароварда ба онҳо диҳад.”

То ҳанӯз ягон гурӯҳе масъулияти рабудани хонумҳои чехро бар ӯҳда нагирифтааст. Мақомоти Покистон ҷустуҷӯи хонумҳоро шурӯъ кардаанд.

Балуҷистони Покистон шоҳиди одамрабоӣ ва нооромиҳои зиёде шудааст. Ин вилоят захираҳои саршори маъданҳои табиӣ дораду балуҷҳо барои мухторият мубориза мебаранд.

Моҳи июли соли 2011-ум як оила аз Швейтсария аснои зиёрат аз Балуҷистон рабуд шуд. Ин зану шавҳар баъди ҳашт моҳ дар минтақаи қабилавии Шимоли Вазиристон дар назди яке аз посгоҳҳои низомӣ зуҳур намуда, иброз дошт, ки аз асорати Толибон фирор кардааст.
XS
SM
MD
LG