Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай: "Ҳадаф вайрон кардани муносибат бо Амрико набуд"


Ҳомид Карзай гуфтааст, ҳадаф аз изҳороти ахираш вайрон кардани муносибатҳо миёни Афғонистон ва Амрико набудааст.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи панҷшанбе баъд аз вокунишҳои шадид ба изҳороти ахири зиддиамрикоии ӯ гуфт, «ман мехостам муносибат бо Амрикоро ислоҳ кунам ва дуруст бисозам, на ин ки ин робитаро вайрон намоям.»

Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс, Ҳомид Карзай рӯзи якшанбе гуфта буд, Амрико муштаракан бо Толибон кор мекунад ва таъйид намуд, дар ин замоне, ки нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба хориҷ шудан аз Афғонистон оғоз кардаанд, як силсила тамосҳои дуҷониба миёни Амрико ва Толибон сурат гирифтааст.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, тайи як эъломия Амрикоро шарики стратегии кишвараш хонд ва гуфт, изҳороти ахири ӯ ба хотири ислоҳи робита миёни ду кишвар будааст. Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ҳар ду кишвар дар марҳилаи муҳими муносибатҳои дуҷониба қарор доранд. Биноан, табиӣ аст, ки ҳар ду тараф талош доранд, то ба манофеи худ таъкид намоянд.

Оқои Карзай дар як нишасте дар Қасри раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфт, мушкилоти ахир дар ин муносибатҳо аз масоиле монанди зиндони Багром ва талафоти ғайринизомиён аз сӯи нерӯҳои НАТО сарчашма мегирад. Ҳомид Карзай аз ҷумла гуфтааст, «Мо бо Амрико равобити нек мехоҳем, дӯстӣ мехоҳем, вале дӯстии миёни ду миллати мустақил.»

Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс, иттиҳомоти ҷаноби Карзай дар бораи музокирот миёни Толибон ва Амрико хашми мақомҳои амрикоиро барангехт.
Аз ҷумла, як генерали баландпояи амрикоӣ дар Афғонистон изҳороти президенти афғон Ҳомиди Карзай дар бораи музокироти нерӯҳои байналмилалӣ бо Толибонро рад кард. Генерал Ҷозеф Данфорд гуфт, дар давоми 12 сол нерӯҳои байналмилалӣ талафоти зиёд додаанд ва ҳеҷ хоҳиш надоранд аз ҳисоби хушунат нафъе ба даст оранд. Як рӯз баъди ду бомбгузории Толибон, ки ҳаёти 19 нафарро аз байн бурд, президенти афғон гуфт, ин гуна бомбгузориҳо ба Вашингтон имкон медиҳанд, афғонҳоро ба қабули ҳузури сарбозони амрикоӣ моил намоянд.

Қисми бузурги нерӯҳои байналмилалӣ то охири соли 2014-ум аз Афғонистон берун хоҳанд шуд. Президент Карзай мегӯяд, ҳар нерӯи хориҷие, ки мехоҳад дар Афғонистон бимонад, бояд бар асоси дастурҳои ҳукумати афғон амал намояд. Шарҳи Карзай замоне пахш шуд, ки вазири нави мудофиаи ИМА Чак Ҳейгел бо сафари корӣ ба Афғонистон рафта буд.

Рӯзи якшанбе Ҳейгел дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, дар мулоқоташ бо президент Карзай ӯ гуфтааст, ки ҳар гуна иттиҳом дар бораи музокироти амрикоиҳо бо Толибон асосе надорад ва ташабббуси сулҳ бояд зери назари худи афғонҳо бошад.
XS
SM
MD
LG