Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз бомбгузории бузург дар Кобул


Раёсати амнияти милии Афғонистон мегӯяд, афсарони ин ниҳод як мошини боркаши саршор аз маводи таркандаро безарар гардонидаанд.

Рӯзи ҷумъа хадамоти амнияти миллиb Афғонистон изҳор намуд, ҳамларо шабакаи Ҳаққонӣ, ки созмони террористии ал-Қоида ҳампаймон аст, ҳамроҳ бо гурӯҳҳои мустақар дар Покистон тарҳрезӣ карда буд.

Сухангӯи раёсати амнияти миллии Афғонистон Шафиқулло Тоҳирӣ гуфт, ки тахминан 8 тонна маводи тарканда ҳафтаи равон дар шаҳри Кобул мусодира шуд. Ӯ афзуд, ки афсарони амниятӣ панҷ табаҳкори эҳтимолиро ба ҳалокат расонида, ду нафари дигарро боздошт намудаанд.

Ҳафтаи гузашта ҳангоми зиёрати вазири мудофиаи ИМА Чак Ҳейгел аз Афғонистон як бомбгузори маргталаб дар назди бинои вазорати мудофиаи Афғонистон худро тарконида, нуҳ нафарро ба қатл расонида буд.
XS
SM
MD
LG