Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба Тоҷикистон кумаки низомӣ мерасонад


 Валерий Герасимов

Валерий Герасимов

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия мегӯяд, Русия ҳамроҳ бо Тоҷикистон ҳар кори имконпазирро ба хотири ҳифзи назму суботи Осиёи Марказӣ иҷро хоҳад кард.

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия генерали артиш Валерий Герасимов рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе бо раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Нодиров дидору гуфтугӯ дошт. Герасимов ҳамчунон изҳор намуд, ки кишвараш дар муҷаҳҳазгардонии артиши Тоҷикистон саҳм мегирад.

Хабаргузории Азияи Плюс аз нақли Нодиров овардааст, ки гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Русия баҳри иҷрои мувофиқатҳое, ки моҳи октябри гузашта дар мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Русия ҳосил шуда буданд, талош меварзанд.

Рӯзи ҷумъа раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русияро вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев низ ба ҳузур пазируфт.
XS
SM
MD
LG