Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон соҳиби бинои нав шуд


Имрӯз, ҷумъаи 15 март, дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, ки аз 8 ошёна иборат аст, ифтитоҳ гардид.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кории дар ин бино муҳайёгардида шинос шуда, ба натиҷаи кори бинокорон ва муҷаҳҳазсозони он баҳои баланд дод. Дар ин бино тамоми шароити корӣ барои кормандони вазорат, қабули меҳмонони хориҷӣ, маҷлису машваратҳо ва дигар чорабиниҳо муҳайё гардидааст. Ин бино дар зарфи 2,5 сол бо харҷи қариб 73 миллион сомонӣ маблағҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ, аз ҷумла даромадҳои хадамоти консулӣ, бе сарфи маблағҳои буҷетӣ, бунёд ёфтааст.

Дар толори калони бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, ки дорои 260 ҷойи нишаст мебошад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва кормандони ин вазорат, роҳбарони сафорату дигар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, собиқадорони соҳа ва корпуси дипломатии кишвар мулоқот анҷом дода, доир ба татбиқи сиёсати хориҷии давлат ибрози андеша намуд.
XS
SM
MD
LG