Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон номзад ба президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ шуд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номзад ба президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМО ҶТ) эълон шуд.

Номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки имрӯз, 15-уми март дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи ин кумита доир шуд, пешбарӣ гардид.


Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои “Озодӣ” гуфт, “номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аъзои Ассамблеяи КМО пешбарӣ карданд ва ӯ ягона номзад ба ин вазифа мебошад. Бар асоси Оинномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон президенти КМО барои чаҳор сол (2013-2016) дар ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Ассамблеяи кулли КМО, ки 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, интихоб хоҳад шуд.”


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00


Бояд тазаккур дод, ки Эмомалӣ Раҳмон аз 16-уми феврали соли 2009-ум вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба уҳда дорад ва ӯ дубора ба ин вазифа пешбарӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG