Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Вазорати мудофиаи ИМА мегӯяд, дар минтақаи Халиҷ ҳавопаймои ҷангии Эрон дар рӯ ба рӯи ҳавопаймои бидуни сарнишин ё худ дрони амрикоӣ зуҳур намудааст. Сухангӯи вазорати мудофиаи ИМА Ҷорҷ Литл мегӯяд. Ҳодиса рӯзи сешанбе дар рӯи обҳои байналмилалӣ ба вуқӯъ пайваст. Ӯ меафзояд, ки ҳавопаймои F-4-и эронӣ ба дрони бидуни силоҳ ба масофаи 25 километр наздик шуд, вале вақте сарнишинҳои ҳавопаймоҳои амрикоии ҳамроҳ тавассути радио ба сарнишини ҳавопаймои эронӣ ҳушдор доданд, ӯ аз роҳаш гаштааст. Сухангӯи вазорати мудофиаи ИМА мегӯяд, ҳавопаймои бидуни сарнишин парвози одии назорати минтақаро иҷро менамуд. Моҳи ноябри гузашта ҳавопаймои эронӣ дар минтақаи Халиҷ ба тарафи дрони амрикоии бидуни силоҳ оташ кушод, вале тир ба ҳадаф нарасид. Дар моҳи декабри соли 2011-ум бошад, Эрон як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоиро боздошт намуд.
XS
SM
MD
LG