Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аслиддин Низомов, раиси Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода, аз додгоҳ талаби ҷуброни зарари маънавӣ дорад.

Раиси Донишкадаи санъат рӯзи ҷумъаи 15-уми март дар нахустин рӯзи мурофиа, аз додгоҳ талаб кардааст, ки шаш тан аз устодони собиқи ин донишкада, ки ба шаъну эътибори вай тӯҳмату таҳқирро раво дидаанд, маблағи 60 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардозанд.

Аммо Аслиддин Низомов гуфтааст, дар сурате, ки ин устодон бо хоҳиши худашон дар нашрияи «Нигоҳ» аз вай узр пурсанд, аз баҳри пардохти ин миқдор маблағ мегузарад.

Дар пайи нашри матлаби «Гуcели мағзҳо аз Донишкадаи санъат, ки ахиран дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» тавассути муаллиф Аҳлиддин Салимов мунташир гардид, раиси Донишкадаи санъат нашрия, муаллиф ва шаш тан устоди собиқи донишкадаи санъатро бо иттиҳоми "тӯҳмат ва таҳқир" ба додгоҳи Фирдавсии шаҳри Душанбе кашонд.

Дар матлаби нашркардаи «Нигоҳ» собиқ устодон, раиси Донишкадаи санъатро ба муносибати дағалона бо зердастон айбдор карда ва гуфтаанд, ки дар пайи фишори раҳбар муддати чанд соли ахир беш аз 10 устоди ин таълимгоҳ, ки ҳамагӣ доктор буданд, аз ҷумла Абӯбакр Зубайдов, Файзӣ Боқиев, Қурбони Собир, Ҷӯра Охӯнов, Ҷӯрахон Обидпур ва дигар олимону ҳунармандони саршиноси кишвар тарки донишкада кардаанд.

Ҳамакнун дар нахустин рӯзи мурофиа, ки аз сӯи раискунанда Мирзоаҳмад Бобоев, додраси додгоҳи Фирдавсӣ сурат гирифт, даъвогар Аслиддин Низомов, раиси донишкадаи санъат ва Абубакр Зубайдов, Ҷура Охунов, Қурбони Собир ва Ҷурахони Обидпур, собиқ устодони ин донишкада ширкат карданд.

Додраси парванда пас аз ошноии шикояти даъвогӣ аз тарафҳо хостааст, то беҳтар аст, мусолиҳа кунанд. Аммо Абубакр Зубайдов мегӯяд, ҷониби Аслиддин Низомов дар шикоятномаи худ ба додгоҳ шартҳоеро пеш овардааст, ки қобили қабул нестанд ва имкони мусолиҳа низ вуҷуд надорад. Ҷаноби Зубайдов гуфт, додрас пас аз баҳси дуру дароз дар ҷараёни баргузории мурофиа танаффус эълом кард.

Қарор аст, мурофиаи навбатӣ бар сари баҳси миёни раиси донишкадаи санъат ва собиқ устодони ин таълимгоҳ, охирҳои моҳи ҷорӣ ва ё аввали моҳи оянда баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG