Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Барои мардуми Тоҷикистон, ки бинобар пажӯҳишҳо нисбат ба сокинони кишварҳои дигари минтақа бошафқату сахитар будаанд, роҳу имкониятҳои бештару осонтари кӯмакрасонӣ ба мардуми ниёзманд фароҳам мешавад.

Комил Арешов, муассиси созмони «Дасти ёрӣ», дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ҳамакнун ҳар нафаре, ки мехоҳад хайр кунад, метавонад кумакпулии худро аз тариқи терминал ё дастгоҳҳои пардохти маблағ бо роҳи хеле осону қулай, ҳамон тавре ки ба телефони мобил ё интернети худ пул мегузаронад, ба афроди ниёзманд ҳам бирасонад. Аз ин маблағҳои хайриявӣ дар терминалҳо ҳаққи хизматрасонӣ гирифта намешавад.

Ҳарчанд ҳоло ин навъи хизматрасонӣ танҳо дар дастгоҳҳои ширкати «Экспресс пей» дида мешавад, аммо созмони ҷамъиятии «Дасти Ёрӣ», ки маҳз бо иқдоми ӯ ин шеваи кумакрасонӣ роҳандозӣ шудааст, талош дорад, то ин навъи хизматрасонӣ ба ҳама дастгоҳҳои пардохти маблағ ворид карда шавад. Маблағҳои ҷамъомада аз ин роҳ барои кӯдакони ниёзманду бемор ва маъюбе, ки ба ин созмон муроҷиат мекунанд, расонида мешавад, - афзуд Комил Арешов.
XS
SM
MD
LG