Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуҷраи сармуҳосиб оташ гирифт


Аз беэҳтиётӣ ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаҳаи барқии маишӣ дар ҳуҷраи сармуҳосиби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ангора» дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сӯхтор сар зад ва боиси 3500 сомонӣ зарар шуд.

Ба иттилои сомонаи ВКД, ин ҳодиса соати 13:43-и 13 марти 2013 рух додааст, ки бар асари он ду адад таҷҳизоти техникӣ ва молу амволи ҳуҷра дар масоҳати 10 метри мураббаъ сӯхта нобуд шудааст. Таҳқиқи гузаронидаи коршиносон бо гуноҳи сармуҳосиби корхона Мансур Абдуллоев сар задани сӯхторро муайян кардааст.
XS
SM
MD
LG