Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар Суғд


Шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, дар соли гузаштаи 2012 дар ҳудуди ин вилоят беш аз 26 ҳазор оилаи нав расман барпо шуда, беш аз 3 ҳазор оила вайрон шудааст.

Фараҳманд Назриқулов, мутахассиси пешбари шуъбаи мазкур, ба радиои «Озодӣ» гуфт, беш аз 1 ҳазор оила бо хоҳиши якҷояи зану шавҳар, ҳудуди 2 ҳазор оила бо қарори додгоҳ ва танҳо 9 оила бо хости зан ё шавҳар аз ҳам ҷудо шудаанд. Вай афзуд, шумораи оилаҳои ҷудошуда дар соли гузашта назар ба соли 2011 ҳудуди 200 ҳолат зиёд аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG