Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Барқи тоҷик» овозаҳоро бепоя хонд


Ширкати «Барқи тоҷик» овозаҳо дар мавриди болоравии қимати нерӯи барқро рад кард.

Ба иттилои сомонаи ин ширкат, вақтҳои охир дар байни мардум ва дар баъзе воситаҳои ахбори омма овозаҳое шунида мешаванд, ки гӯё нархи нерӯи барқ дар кишвар баланд бардошта мешавад ё ҳатто аллакай баланд бардошта шудааст. Дар ин робита хадамоти матбуоти ширкати «Барқи Тоҷик» расман изҳор менамояд, ки ин овозаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд ва алҳол дар Тоҷикистон боло рафтани қимати нерӯи барқ дар назар нест.

Дар идома ширкати «Барқи Тоҷик» хотиррасон шудааст, ки ҳоло нархи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ 11 дирам (бо назардошти ААИ), барои муштариёни саноатӣ ва ғайрисаноатӣ 26,63 дирам (бе назардошти ААИ) барои ҳар киловатт соатро ташкил медиҳад.

«Ба замми ин, пардохти ҳаққи истифода аз нерӯи барқ барои оилаҳои камбизоат аз тарафи давлат ҷуброн мегардад», - гуфтааст ширкати «Барқи тоҷик».
XS
SM
MD
LG