Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми даъвати АФК-2014: Сафари мунтахаби Тоҷикистон ба Бишкек


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳангоми тамрин

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳангоми тамрин

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 рӯзи шанбеи 16-уми март ба Бишкек сафар мекунад.

Никола Кавазович - сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон

Никола Кавазович - сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон

Мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт, “ба ҳайати дастаи мунтахаб 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар дохиланд. Инҳо дарвозабонҳо - Алишер Тӯйчиев, Абдулазиз Маҳкамов (ҳарду - «Хуҷанд»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), ҳимоятгарон - Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов, Наим Улмасов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев (“Жетису”, Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов ва Алексей Неъматов (ҳарду - “Регар-ТадАЗ”), нимҳимоятгарон - Маҳмадалӣ Содиқов («Хуҷанд»), Нуриддин Давронов (“Слобода”, Сербия), Иброҳим Рабимов, Умедҷон Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳарсе – «Истиқлол»), Ҷамшед Исмоилов (“Регар-ТадАЗ), ҳамлагарон - Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Восиев (ҳарду - «Истиқлол»), Юсуф Рабиев («Хуҷанд»), Комил Саидов (“Регар-ТадАЗ”) ва Фарҳод Тоҳиров («Парвоз») мебошанд. Умуман, 27 футболбоз ба рӯйхати васеи мунтахаби кишвар дохиланд, вале бо сабабҳои гуногун дарвозабон Саидҷон Саидраҳмонов (“Истиқлол”), ҳимоятгарон Фарҳод Восиев (“Волгар”, Астрахани Русия) ва Сиёвуш Асроров («Хуҷанд»), ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”) ба Бишкек намераванд. Дар назди даста вазифа гузошта шудааст, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат бигирем. Рақиби аслии мо дар гурӯҳи худ мунтахаби Покистон мебошад, ки солҳои ахир хеле пурқувват шудааст. Мо бозиҳои ин дастаро омӯхтем ва ба рақобат комилан омода ҳастем. Кӯшиш мекунем, ки аз бозии аввал бо Покистон се имтиёз ба даст оварем.”




Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек аз 17-ум то 21-уми март дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон 17-уми март бо дастаи Покистон, 19-уми март бо тими Макао ва 21-уми март бо тими Қирғизистон бозӣ хоҳад кард.

Доварони мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК дар гурӯҳи «В» маълуманд. Ба шаш бозии ин мусобиқа 4 сардовар, 5 ёвари сардовар, 2 комиссар ва як нозири доварон хидмат мерасонанд. Инҳо доварони ФИФА Ҷамол Ҷумъа Абдулҳасан Муҳаммад (Баҳрайн), Алӣ Сабоҳ Аддаӣ Ал-Касӣ (Ироқ), Масъуд Туфайлӣ Ҷамил Найфӣ (Сурия) ва Умар Алӣ Абдулло Ҷумъа Алнабӣ (АМА); ёварони сардовар Абдуллоҳ Толиб (Лубнон), Алӣ Маяд Муҳаммад Алӣ (Ироқ), Закариё Қанат (Сурия), Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Алҳамадӣ (АМА) ва Ал-Ҳасанӣ Алӣ Муҳаммад Аҳмад (Яман) мебошанд. Комиссарони бозиҳо - Чанг Чин-По (Тайван) ва Лин Вейгу (Чин), нозири доварон - Муроди Масъуд Ҳасаналӣ (Эрон).

Панҷ дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба мунтахаби Ҷазоири Молдив, ки ҳамчун мизбони Ҷоми даъвати АФК-2014 бидуни рақобат ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шудааст, ҳамроҳ мешаванд. Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2014 ба Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия роҳхат мегирад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бишкек бо либоси нави варзишӣ, ки дар ширкати «UMBRO» истеҳсол шудааст, бозӣ мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG