Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Қирғизистон аслиҳаву техникаи низомии худро нав мекунад


Николай Бордюжа

Николай Бордюжа

Николай Бордюжа-Дабири куллии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар мусоҳибае бо хабаргузории K-News гуфтааст, ки дар бораи додани 1 миллиард доллар ба артиши Қирғизистон тавофуқ ба даст омадааст. Ба гуфтаи Бордюжа, ин маблағ барои таҷдиди аслиҳаву муҳимот ва техникаи низомии артиши Қирғизистон сарф хоҳад шуд.

Моҳи маи соли ҷорӣ дар Бишкек мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад ва дар он барномаҳои баъдии ин созмон баррасӣ мешавад.

Яке аз масъалаҳои мавриди баррасӣ вазъ дар минтақа ва Афғонистон хоҳад буд. Бордюжа гуфтааст, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ барномаҳое таҳия хоҳад кард, то таҳдидҳои амниятӣ аз сӯи Афғонистон камтар карда шавад.
XS
SM
MD
LG