Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соҳибкори юнонӣ барои хариди нафти Эрон таҳрим мешавад


Амрико эълон кард, ки бар зидди Димитрис Камбис-раиси ширкати Impire Shipping Ltd-и Юнон, ки барои хариди нафти Эрон ба ин кишвар кӯмак кардааст, таҳрим ҷорӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки барои хариди нафти Эрон таҳримҳои байналмиллалӣ ҷорӣ шудааст.

Ин соҳибкори юнонӣ дар Амрико соҳиби дороист ва акнун дастрасӣ ба ин дороиҳо мамнуъ хоҳад буд.

Амрико мегӯяд, ки Камбис бо истифода аз ширкати худ ва ширкатҳои дигар нафти 8 киштии нафткаши Эронро хиридорӣ кардааст, ки ҳар яки он то ба арзиши 200 миллион доллар метавонад, нафт бор кунад.
XS
SM
MD
LG