Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои кишварҳои ҳамсуд раводид ҷорӣ намекунад


Ҷорӣ кардани муқаррароти раводид ё визаи Русия барои шаҳрвандони кишварҳои мустақили муштаркулманофеъ ба нақша гирифта нашудааст. Дар ин бора Анвар Азимов-сафири умури вижаи вазорати корҳои хориҷаи Русия изҳорот пахш кард.

Вай ба матбуот гуфт, ки дар сурати ташкили Иттиҳодияи Гумрукӣ ва ташкили қаламрави воҳиди иқтисодӣ байни ин кишварҳо рафту омади бидуни раводид боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ҳоло дар ин кишвар бештар аз 3 миллион нафар муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд.

900 ҳазор нафари онҳо шаҳрвандони Узбакистон, 500 ҳазор шаҳрвандони Украина ва 400 ҳазор нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG