Пайвандҳои дастрасӣ

Дар суиқасде Парвин Раҳмон дар Карочӣ кушта шуд


Пулиси Покистон мегӯяд, ки афроди мусаллаҳ хонум Парвин Раҳмон-яке аз фаъолони маъруфи шаҳри Карочиро ба қатл расондаанд. Вай рӯзи чаҳоршанбе дар роҳ ба сӯи хонааш ҳадафи суиқасд қарор гирифт. Афроди номаълум савори мототсикл дар ҳоли ҳаракат ба сӯи вай оташ кушоданд.

Ҷовид Одҳо-афсари пулиси маҳалӣ гуфт, ки Парвин дар қафаси сина ва гарданаш чаҳор тир хӯрдааст ва дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.

Парвин 54 сол дошт ва аз соли 1980 то ба ҳол, яъне бештар аз 30 сол дар як созмони ғайридавлатии хайрия дар манотиқи фақрзадаи атрофи шаҳри 18 миллион нафарии Карочӣ кор мекард.
XS
SM
MD
LG