Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Аврупо бӯҳрони иқтисодиро баррасӣ мекунанд


Раҳбарони Аврупо дар Бруссел

Раҳбарони Аврупо дар Бруссел

Рӯзи ҷумъа раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел мулоқоти худро идома медиҳанд. Интизор меравад, ки онҳо дар бораи суду зиёни барномаҳои сахтгирона мунозираҳои худро идома диҳанд.

Ин барномаҳо ба унвони роҳи ҳали бӯҳрони иқтисодии кунунӣ пешниҳод шудааст, вале дар миёни кишварҳои узв, ки барои дубора ба роҳи дуруст даровардани иқтисоди худ мубориза мекунанд, вокунишҳое ба бор омадааст.

Ҳазорон нафар мухолифони чунин барномаҳо дар рӯзҳои ин мулоқот ба Бруссел омадаанд ва бар зидди барномаҳои сахтгирона раҳпаймоӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG