Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусофирони ҳавопаймое, ки дар Ростови лаби Дон боздошт шуда буданд, бемории вабо надоштаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, додситонии нақлиётии Ростови лаби Дони Русия баъд аз тафтиш ва муоинаи мусофирони ҳавопаймои Хуҷанд-Ростови лаби Дон ба хулосае расидааст, ки дар вуҷуди мусофирони ин ҳавопаймо бемории вабо ошкор нашудааст. Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод-сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод. Вай гуфт, сафорат аз ин хабар истиқбол мекунад, аммо таъкид кард, ки сафорат дар ҷавоб ба ёддошти эътирозии худ дар мавриди мусофирони ҳавопаймо ба таври расмӣ аз вазорати корҳои хориҷаи Русия то ҳол номаи расмӣ нагирифтааст.


Муҳаммади Эгамзод

Муҳаммади Эгамзод

Бо вуҷуди ин, оқои Эгамзод натиҷаҳои муоинаи мусофирон ва эълони чунин хабарро вокуниши вазорати корҳои хориҷаи Русия ба ёддошти сафорат медонад:
“Изҳороти ахири додситонии нақлиётии Русия ба он ишора мекунад, ки ба ин масъала муттахассиони кишвари иқомат (Русия) ҷиддӣ расидагӣ кардаанд”.

Сергей Дмитриев-додситони нақлиётии ҷануби Русия низ ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки ҳамаи мусофирони ҳавопаймои Тоҷикистон муоинаи тиббиро гузаштаанд ва касе гирифтори бемории вабо набудааст.

28 феврали соли ҷорӣ баъд аз фуруд омадани ҳавопаймои парвози Хуҷанд дар Ростов бо дархости халабонон ҳавопайморо бо 148 мусофир ба майдони махсус ронданд ва иддао карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон гирифтори бемории вабо мебошанд ва бо ин ҳол набояд онҳо ба қаламрави Русия роҳ дода шаванд. Ҷониби Русия исрор мекард, ки бояд мусофирон муоинаи тиббиро барои вабо бигзаранд.
Ин хабар дар матбуоти Русия ба зудӣ нашр шуд ва сару садоҳои зиёдеро дар мавриди бемории тоҷикон ба бор овард.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар робита бо чунин рафтор ба мусофрони тоҷик ба вазорати хориҷаи Русия ёддошти эътирозӣ фиристод ва расидагӣ ба онро тақозо кард.

Дар чунин ҳолатҳо, агар мусофирон бо талаби фурудгоҳ барои муддате нигоҳ дошта шаванд, имкон дорад аз сафари баъдиашон маҳрум шаванд ва ё натавонад сари вақт ба корашон бирасанд. Аз оқои Эгамзод пурсидам, ҳоло, ки масъала рӯшан шуд, оё ҷониби Русия барои як шабонарӯз боздоштани шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи муқаррароти байналмиллалӣ зарари маънавӣ ва молии онҳоро ҷуброн хоҳад кард?

“Ман фикр мекунам, ки на танҳо шаҳрванди Тоҷикистон, балки шаҳрванди ҳар кишвари дигар дар чунин ҳолат ҳақи талаб кардани ҷубронро дорад. Вале чунин кор бори аввал дар муносиботи миёни Тоҷикистону Русия, дар ҳамкориҳои ширкатҳои ҳавоӣ пеш омадааст. Мусофирони тоҷик ҳам ин корро интизор набуданд. Вале бо назардошти ин, ки ширкати ҳавоии “Донавиа” мусофирони нигоҳдоштаашро баъдтар то ба Санкт-Петербургу Маскав бурда расондааст ва худи мусофирон ҳам талаби ҷиддие дар ин бора накардаанд, мо эроде надорем”.


Маъмулан ширкатҳои ҳавоии хориҷие, ки мехоҳанд барои парвоз ва мусофирбарӣ вориди бозори ҳавоии кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон шаванд ва иҷозаи парвоз дарёфт кунанд, хеле талош ба харҷ медиҳанд, зеро он ба истилоҳ “бизнес” ё масъалаи пул аст. Ба ин сабаб онҳо масъулиятҳоеро бар дӯш мегиранд. Эҳтиром ва хидмати хуб ба мусофирон аз масъулиятҳои дараҷаи аввали онҳо ба шумор меравад.

Ширкати ҳавоии “Донавиа”-и Ростови лаби Дон низ аз ҷумлаи чунин ширкатҳост, ки ҳоло ба бозори парвозҳои Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Вале рафтори номуносиби ширкат метавонад муштариёнро ранҷонад ва ё ҷониби Тоҷикистон метавонад ба қарордодҳои ҳамкорӣ бо чунин ширкатҳо бознигарӣ кунад. Агар чунин шавад, аз эҳтимол дур нест, ки ҳар ширкати ҳавоии хориҷӣ бозори парвози худро дар Тоҷикистон аз даст медиҳад. Вагарна чунин рафтор бо мусофир бад-он маъно хоҳад буд, ки пули мусофир хуб аст, худаш хуб нест ва ё риояти муқаррароти байналмиллалӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия ҳатмӣ намешуморанд.

Оқои Эгамзод мегӯяд, чун Русияву Тоҷикистон якдигарро кишварҳои ҳамкори стратегӣ ном мебаранд ва муносиботу ҳамкориҳои дӯстона доранд, бояд чунин муносибот дар ҳар кор дида шавад. Вай мегӯяд, кишварҳои мо бояд дар як сатҳ чун ду кишвари мустақил ҳамкориҳои баробар дошта бошанд.

Вале баъд аз боздошт ва таҳқири мусофирони ҳавопаймои Хуҷанд дар фурудгоҳи
Анвар Азимов

Анвар Азимов

Ростов коршиносон борҳо гуфтанд, ки ҳеҷ гоҳ ҳеҷ кишвари дӯст ин гуна рафтори ғаразолуд ва таҳқиромезро нисбат ба шаҳрвандони кишвари дӯсти худ раво намебинад.

Гоҳо эҳсос мешавад, ки чунин дӯстӣ бештар дар забон аст. Масалан, Анвар Азимов-сафири супоришҳои вижаи вазорати корҳои хориҷаи Русия ба суоли радиои озодӣ дар робита бо масъалаи мусофирони ҳавопаймои Тоҷикистон изҳори бехабрӣ кард, вале гуфт, “Русия ба муносибот бо Тоҷикистон эҳтироми зиёд қоил аст ва ба ин сабаб ҳар сӯитафоҳуме, ки пеш омадааст, бояд мисли муносиботи дӯстонаи мо дӯстонаву ором ҳал шавад. Мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки муносиботи дуҷонибаи мо осеб бинад”.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG