Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аббос умедвори азсаргирии музокирот бо Исроил


Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластиниён, мегӯяд, умедвор аст, музокироти сулҳ бо Исроил имсол аз сар гирифта хоҳад шуд, вале шансҳо дар ин замина зиёд нест. Маҳмуд Аббос дар ин бора баъди мулоқот бо Владимир Путин дар шаҳри Маскав сухан гуфт. Владимир Путин ба раиси ҷумҳури фаластиниён гуфтааст, ки ҳар кори мумкинро хоҳад кард, ки музокироти сулҳ аз сар гирифта шавад. Музокироти сулҳ миёни ду тараф бинобар мухолифати фаластиниён ба бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои ишғолӣ қатъ шуд. Исроил гуфтааст, музокирот бояд бидуни пешшарт сурат бигирад. Русия як узви гурӯҳи чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна аст, ки ба он Созмони Милал, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо шомиланд ва ҳайси миёнарав дар музокирот ҳастанд.
XS
SM
MD
LG