Пайвандҳои дастрасӣ

Мусофирони ҳавопаймои тоҷик бемор набудаанд


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, додситонии нақлиётии Ростови лаби Дони Русия баъд аз тафтиш ва муоинаи мусофирони ҳавопаймои парвози Хуҷанд-Ростов ба хулосае расидааст, ки дар вуҷуди мусофирони ин ҳавопаймо бемории вабо ошкор нашудааст. Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод-сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод.

Сергей Дмитриев-додситони нақлиётии ҷануби Русия низ ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки ҳамаи мусофирони ҳавопаймои Тоҷикистон муоинаи тиббиро гузаштаанд ва касе гирифтори бемории вабо набудааст.

28 феврали соли ҷорӣ баъд аз фуруд омадани ҳавопаймо дар Ростов бо дархости халабонон ҳавопайморо ба майдони махсус ронданд ва иддао карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон гирифтори бемории вабо мебошанд ва бо ин ҳол набояд ба қаламрави Русия роҳ дода шаванд.Ҷониби Русия исрор мекард, ки бояд мусофирон муоинаи тиббиро барои вабо бигзаранд.

Ҷониби Тоҷикистон чунин корро таҳқири шаҳрвандони худ арзёбӣ кард ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ба вазорати корҳои хориҷаи Русия ёддошт ё нотаи эътирозӣ фиристод. Дар ёддошти сафорат таъкид шуда буд, ки чунин муносибат нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Баъд аз ин ёддошти сафорат акнун натиҷаҳои тафтиш эълон шудааст, ки он ба нафъи ҷониби Тоҷикистон ва мусофирони ҳавопаймост.
XS
SM
MD
LG