Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Назарбоев ба таври пинҳонӣ ба Исроил рафт


Сомонаи “Newsru.Israel” бо такя ба матбуоти Исроил навиштааст, ки президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мариз аст ва ба таври махфӣ, барои табобат вориди ин кишвар шудааст. Дар ҳоле, ки сомонаи интернетии президент Назарбоев дар бораи сафари хусусии ӯ ба Исроил чизе намегӯяд, рӯзноманигорон Исроил аз ин сафар 14 март бохабар шуданд ва мегӯянд, ки сафари Назарбоев дар шароити бисёр махфӣ мегузарад. Дафтари матбуоти Назарбоев гуфтааст, ки ӯ дар рухсатии кӯтоҳмуддат қарор дорад, вале дар куҷо гузаштани рухсатии президентро нагуфтааст.

Назарбоев дар гузашта низ ду дафъа, дар соли 1995 ва 2000 сафарҳоеро дар Исроил анҷом дода буд. Аммо он сафарҳо, ба фарқ аз мусофирати феълӣ, ошкор буданд. Аммо ҳоло ин пинҳонкорӣ роҳро барои ҳадсу гумонҳо дар мавриди “ташхиси маризии хатаранок” боз кардааст. Нашрияҳо ёдовар мешаванд, ки соли 2011 табибон саратони простатаро дар бадани Назарбоев ташхис доданд ва ӯ баъдан дар Олмон ҷарроҳӣ шуд. Аммо дафтари раёсати ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъҳо дар бораи дар бемористон бистарӣ шудани Назарбоевро рад карда буд.
XS
SM
MD
LG