Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар бомбгузориҳои Ироқ 18 нафар кушта шуданд


Дар силсилаи бомбгузориҳо ва ҳамлаҳои интиҳории ҳамоҳангшуда дар маркази шаҳри Бағдод имрӯз дасти кам 18 нафар кушта ва 30 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти Ироқ гуфтанд, назди вазорати адлия ва идораҳои дигари ҳукуматӣ ду мошини бомбгузоришуда таркид ва ҷое дигар бомбгузори маргталаб худро тарконид. Баъди таркиш дар назди вазорати адлия гурӯҳи афроди мусаллаҳ хостаанд, ки дохили вазорати адлия шаванд ва бо посбонҳои он даргир шудаанд. Ба гуфтаи телевизиони Ал-Ироқия то кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, ки як рӯз пеш аз даҳумин солгарди ҳамлаи Амрико ба Ироқ сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG