Пайвандҳои дастрасӣ

Латукӯб ва ғорати зане дар ноҳияи Рӯдакӣ


Кормандони милиса як сокини ноҳияи Рӯдакиро ба гумони ғоратгарӣ ва латукӯб боздошт карданд.

Ба иттилои сомонаи ВКД, аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии 1-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ шаҳрванд Қурбонов Субҳониддин Тоирович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳраки Сомониёни ҳамин ноҳия дастгир гардид. Номбурда тахминан соати 23:40-и шаби 12 марти соли 2013 шаҳрванд Муҳиддинова Тахмина Фатҳиддиновна, сокини шаҳри Душанберо ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда, латукӯб мекунад ва бо зӯрӣ аз сумкаи вай 220 сомонӣ пули нақд, 1 адад шиноснома, 2 адад телефони мобилӣ ва 1 адад гарданбанди тиллоӣ (ҷамъ ба маблағи 1300 сомонӣ)-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Ҳамчунин, ба иттилои ин манбаъ, аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии 2-и ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони дуздӣ шаҳрванд Санаева Меҳрангез Амирхоновна, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Ваҳдат дастгир шудааст. Номбурда тахминан соати 14:30-и рӯзи 12-уми марти соли равон ба тариқи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Қурбонова Раҷабмоҳ Ҳамдамовна, соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи Сабзикори ноҳияи Ваҳдат мешавад ва аз он ҷо 1400 доллари амрикоӣ пули нақдро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

«Аз рӯи ин ду ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад», - хабар медиҳад сомонаи ВКД.
XS
SM
MD
LG