Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба 11 кишвар харидории нафти Эронро иҷозат дод


Ҷон Керрӣ - вазири корҳои хориҷии ИМА
Ҷон Керрӣ - вазири корҳои хориҷии ИМА

Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии ИМА, гуфт, ки Вашингтон барои як давраи дигар ба муддати 180 рӯз ба Ҷопон ва 10 кишвари аврупоӣ барои хариди нафти Эрон иҷозат додааст.

Ба гузориши Рейтерс, Ҷон Керрӣ бо судури баёнияе гуфт, ки «тасмими имрӯз намунае дигар аз тааҳҳуди ҷомеаи байналмилал барои қонеъ кардани Эрон аст, то ба вазоифаш амал кунад.»

Ин барои сеюмин бор аст, ки ИМА ба чанде аз кишварҳо барои хариди нафти Эрон иҷозат медиҳад.

ИМА бар пояи қонуни дохилии худ, таҳримҳои бонкӣ алайҳи Эрон ҷорӣ кардааст, ки мутобиқи он харидорони нафти Эрон наметавонанд пули хариди нафтро ба Теҳрон пардохт кунанд. Амрико бо ин ҳол шарт гузоштааст, ки агар кишварҳои харидори нафти Эрон ба таври тадриҷӣ аз хариди нафти Эрон бикоҳанд, ин кишварҳо шомили иҷозат хоҳанд шуд.

Ҷопон, ки сеюмин сарфкунандаи нафт дар ҷаҳон аст, дар соли гузашта 40 дар сад аз воридоти нафти худро аз Эрон кам кард ва наздики 190 ҳазор бушка дар як рӯз расонд.

Амрико дар ҳоле 10 кишвари узви Иттиҳоди Аврупоро шомили иҷозат кардааст, ки ин иттиҳодия худ аз хариди нафт ва фаровардаҳои нафтӣ аз Эрон ба таври кул даст кашида буд.

Белгия, ҷумҳурии Чех, Фаронса, Олмон, Юнон, Италия, Голландия, Лаҳистон, Испания ва Британия даҳ кишваре ҳастанд, ки барои харидории нафт аз Эрон аз сӯи Амрико мавриди иҷозат қарор гирифтанд.

Таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон боиси ба нисф расидани содироти нафти ин кишвар дар соли 2012 шуд.

Ҷон Керрӣ дар бахши дигаре аз баёнияи худ гуфт, «Паёми ҷомеаи байналмилал барои режими Эрон равшан аст: иқдомоти мушаххасе анҷом диҳед, то нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бартараф шавад, ё ин ки бо фишору инзивои бештар мувоҷеҳ мешавед.»

Зимнан, Вазорати корҳои хориҷии Амрико 7-уми декабри соли 2012 ба Чин, Ҳинд ва чанд кишвари дигар низ барои харидории нафти Эрон иҷозат дода буд.

Даври тозаи таҳримоти Амрико, ки аз 6 феврали имсол мавриди амал қарор гирифт, ба харидорони нафти Эрон иҷозат намедиҳад, ки пули хариди нафтро ба Теҳрон диҳанд. Эрон маҷбур аст, ки аз ин кишварҳо бар ивази нафт танҳо молу коло ворид кунад.
XS
SM
MD
LG