Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дубора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб гардид.

Ба иттилои Ғайрат Неъматов, сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон, ба тарафдории Дилшод Назаров вакилони конфронси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, якдилона овоз доданд.

Рашид Саидов муовини аввали раис, Улмас Олимов муовини раис ва Евгений Шумарин дабири кулли федератсияи ҷумҳуриявӣ интихоб шуданд.

Дилшод Назаров дар бисёр мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ шарафи варзиши Тоҷикистонро бомуваффақият ҳимоя кардааст. Ӯ, ҳамчунин, ширкаткунандаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Афина (2004), Пекин (2008) ва Лондон (2012) мебошад.

Дилшод Назаров дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфт: “Дар баробари раҳбарӣ кардан ба Федератсияи ҷумҳуриявӣ, ҳамчун узви дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ширкат хоҳам кард ва ҳадафи аслиам омодагии ҳамаҷониба ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 мебошад. Инчунин, барои рушди варзиши сабук дар кишвар барномаи вижае таҳия хоҳем кард. Албатта, барои ширкати муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ба кӯмаку дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва сарпарастон ниёз дорем.”

Дарвоқеъ, Дилшод Назаров ахиран дар мусобиқаи зимистонаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 10 сантиметр мақоми аввалро касб кард.


Маълумотномаи “Озодӣ”:

Дилшод Назаров
Варзиши сабук, гурзандозӣ.
6-уми майи соли 1982 дар Душанбе таваллуд шудааст.
Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003).
Ҷойи 2-юм дар Бозиҳои Африқоиву Осиёӣ (Ҳиндустон, 2003).
Ғолиби Бозиҳои I кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005).
Ҷойҳои 2-юм дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2005, Урдун, 2007).
Қаҳрамони Осиё (Чин, 2009).
Ғолиби дукаратаи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар (2006) ва Чин (2010).
Ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004), Пекин (2008) ва Лондон (2012).
Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ (2009-2012).
XS
SM
MD
LG