Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳинд аз сафири Итолиё хост, кишварро тарк накунад


Додгоҳи Олии Ҳинд, амр додааст, сафири Итолиё дар Деҳлӣ барои муваққат қаламрави ин кишварро тарк накунад. Амри мазкур идомаи моҷаро дар бораи сарнавишти ду сарбози итолиёӣ аст, ки ба қатли ду моҳигири ҳиндӣ дар соли гузашта муттаҳам мешаванд. Додгоҳи Ҳинд рӯзи панҷшанбе аз Даниел Мачини, сафири Итолиё, хостааст, то рӯзи душанбе шарҳ бидиҳад, ки чаро ҳукумати кишвараш сарбозони муттаҳамро барои муҳокима ба Ҳинд барнамегардонад. Деҳлӣ моҳи феврал ба ду туфангдори дарёии итолиёӣ иҷоза дод, барои раъйдиҳӣ дар интихобот ба Итолиё бираванд, чун сафири ин кишвар қавл дод, ки онҳо бархоҳанд гашт. Аммо ҳукумати Итолиё рӯзи душанбе гуфт, ки сарбозон ба Ҳинд барнамегарданд. Маҳмоҳан Сингҳ нахуствазири Ҳинд, Итолиёро ба “нақзи тамоми меъёрҳои дипломатӣ” муттаҳам кард. Сарбозони итолиёиро барои муҳофизаи киштии нафтбар фиристода будаанд ва онҳо гуфтаанд, ки моҳигирони ҳиндиро роҳзан пиндошта куштанд.
XS
SM
MD
LG