Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни ҳамла дар Кундуз афзудааст


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, мумкин аст, бомбгузори маргталаб, ки дирӯз дар вилояти Кундуз 11 нафарро кушт, наздикони раиси порлумони кишварро ҳадаф гирифта будааст. Волии ноҳияи Имом Соҳиб рӯзи чаҳоршанбе гуфт, дар бомбгузории интиҳорӣ, ки ҳангоми бузкашӣ сурат гирифт, бародару падар, бародарзода ва писари холаи Абдулрауф Иброҳимӣ кушта шуданд, ки аз узбактаборони Афғонистон аст. Дар бобмгузорӣ дар маҷмӯъ 11 нафар кушта ва 13 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. То кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти расмии Афғонистон ин корро амали дасти Толибон медонанд. Имом Соҳиб ноҳияе наздик ба марзи Тоҷикистон аст ва дар вилояти Кундуз умдатан тоҷикону узбакҳо сукут доранд.
XS
SM
MD
LG