Пайвандҳои дастрасӣ

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии варзиши сабуки Тоҷикистон


Мусобиқаи зимистонаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Сардовари ин мусобиқа Ғайрат Неъматов, сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон, ба радиои “Озодӣ” гуфт, “дар ин мусобиқа бештар аз 200 варзишгар аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, водии Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат доштанд.”

Ба иттилои сардовар дар сабқати мардон варзишгарони Душанбе Даврон Атобоев (60 м, 6,8), Далерҷони Ҳайдар (800 м, 2,02.6), Фарҳод Қуралов (1500 м, 4,08.5), Меҳрубон Шамсиддинов (3000м, 9,10.3), намояндагони вилояти Суғд Муҳаммад Тошматов (60 м бо монеа, 10,10) ва Александр Пронженко (400 м, 49,5) соҳибони медалҳои тилло шуданд.

Пронженко, инчунин, дар ҷаҳидан ба баландӣ байни мардон бо натиҷаи 1м 80см пирӯзӣ ба даст овард. Душанбегиҳо Дилшод Назаров дар гурзандозӣ (74 м 10 см), Азизбек Гулов дар ҷаҳидан ба дарозӣ (6 м 41 см) ва Зоир Яҳёев дар найзапартоӣ (49 м 09см), Ҷовиди Ҷамшед аз ноҳияи Шаҳринав дар ҷаҳиши секарата (13 м 21 см), Сарфароз Султоншоев (дискпартоӣ, 38,02), Аврангзеб Охунов (гулӯлапартоӣ, 12,16) – ҳарду аз вилояти Суғд ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар сабқати занон душанбегиҳо Комила Пӯлодова (60 м, 8,2), Наргис Неъматуллоева (400 м, 1,02.8 ва 60 м бо монеа, 10,3), Дилшода Раҳмонова (80 м, 2, 25.5 ва 1500 м, 5,00.3), Шаҳноза Зиёева (ҷаҳиши секарата, 10 м 65 см) ва Гулноз Хуҷаназарова (найзапартоӣ, 34,57), Муниса Раҳимова аз шаҳри Турсунзода (3000 м, 11,05.3), Кристина Пронженко (ҷаҳидан ба дарозӣ, 5,29 ва ҷаҳидан ба баландӣ, 1 м 45 см), Малика Исмоилова (гурзандозӣ, 31, 42), Фарангиз Бозорова (дискпартоӣ, 27,60) ва Мафтуна Муслимбоева (гулӯлапартоӣ, 10,83) - ҳарчор аз вилояти Суғд ғолиб шуданд.

Дар эстафетаи 4х400 м варзишгарони Душанбе ҳам байни мардон бо натиҷаи 3,31.0 ва ҳам миёни занон бо натиҷаи 4,27.5 пирӯз гаштанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG