Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия "Иброҳим Ҳабиб"-ро боздошт карданд


Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд, ки як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро раҳбарӣ мекардааст. Раёсати умури дохилии вилояти Свердловск дар як баёнияи расмӣ гуфт, Иброҳим Солеҳови 33-сола мулаққаб ба Иброҳим Ҳабиб дар шаҳри Екатеринбург боздошт шуд. Ба гуфтаи мақомот, гурӯҳи ҷиноии мазкур сар аз соли 2012 дар ду ноҳияи ин вилоят ба тоҷирони чинӣ дарафтода онҳоро ғорат мекарданд. Ба гуфтаи Раёсати умури дохилии вилояти Свердловск, ҷустуҷӯи аъзои дигари гурӯҳ идома дорад.
XS
SM
MD
LG