Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи аҳзоби Исроил барои ташкили ҳукумат


Бино ба гузоришҳо, Ҳизби Ликуди Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил бо аҳзоби дигар барои ташкили ҳукумати эътилофӣ ба созиш расидааст. Нога Катз, сухангӯи Ликуд, рӯзи панҷшанбе гуфт, ҳизби онҳо бо ҷиноҳи Исроил Бейтену ва аҳзоби ростгарои Йеш Атид ва Хонаи Яҳудиҳо ва дигар ҷиноҳҳои хурд ба раҳбарии Тзипи Ливни, вазири собиқи умури хориҷӣ ҳукумати эътилофӣ ташкил хоҳад дод. Ҳизби Бенямин Нетаняҳу, ки дар интихоботи моҳи январ аз ҳисоби 120 курсии порлумон танҳо 31 курсиро ба даст овард, то кунун барои ташкили ҳукумат талош дошт. Дар сурати имзои тавофуқнома, Бенямин Нетаняҳу бо ҳампаймонҳояш 68 курсии порлумонро дар ихтиёр хоҳанд дошт. Ғолибан ҳукумати нави Исроил ҳафтаи оянда ва қабл аз сафари Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба инҷо ба кор оғоз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG