Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Кетрин Эштон аз Косово шурӯъ шуд


Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, имрӯз аз Косово боздид мекунад. Қарор аст, ӯ бо раҳбарони Косово доир ба музокироташон бо Сербистон гуфтӯгу кунад, ки бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо сурат мегирад. Пештар аз ин сафар намояндагони Сербистону Косово дар шаҳри Брюссел музокирот карданд ва Томислав Николич, раиси ҷумҳури Сербистон, гуфт, ду тараф ба мувофиқа расиданд, ки шимоли Косово, ки умдатан сербнишин аст, мухторияти бештар дошта бошад. Сербҳои инҷо ва ҳам худи Сербистон, Косоворо ба ҳайси кишвари мустақил ба расмият намешиносанд. Аммо Ҳошим Тачӣ, нахуствазири Косово, гуфтаҳои Николичро рад кардааст ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам чизе дар ин замина нагуфтааст. Пешрафт дар музокирот миёни Сербистон ва Косово, роҳи Сербистон барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро ҳамвортар хоҳад кард. Раҳбарони Сербистону Косово рӯзи 20 март дигарбора дар Брюссел гуфтӯгу хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG