Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тугмаи «лайк» ва «писандидам» дар торнамои Фейсбук имкон медиҳад, ки шахсияти корбари мушаххасро муайян кунанд.

Мутахассисони Маркази таҳқиқотии Майкрософт ва Донишгоҳи Кембриҷ дар Бритониё баъди як пажӯҳише дар ин замина гуфтаанд, ки тугмаи “лайк” метавонад, баёнгари тамоюли сиёсӣ, сатҳи заковат ва хислату одатҳои як шахс бошад. Ба гуфтаи онҳо, писандидани акс, навишта ва ё баёни эҳсос дар робита ба ҳодисае дар Фейсбук метавонад ба ҷомеашиносон дар мушаххас кардани шахсияти инсон кумак кунад.


Як таҳқиқот дар Амрико нишон додааст, ки ҳоло 78 дар сади наврасон ва ҷавонон дар ин кишвар телефонҳои ҳамроҳ доранд. Маркази назарсанҷии Пю баъди анҷоми як назархоҳӣ гуфт, ки аз ҳар чаҳор нафар як нафар аз ин наврасони аз 12 то 17-сола аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ ба Интернет дастрасӣ доранд. Дар муқоиса ба наврасон, танҳо 15 дар сади калонсолон дар Амрико аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ ба Интернет дастрасӣ доштаанд.


Қарор аст, то се соли дигар дар Тоҷикистон системаи воҳиди иттилооотие такмил шавад, ки ба мутахассисон имкон медиҳад, саривақт иттилоот дар бораи сиҳатии аҳолиро ҷамъоварӣ ва таҳлил кунанд. Барои иҷрои ин тарҳ Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон, тақрибан севуним миллион евро кӯмак мекунад. Бо харҷи ин маблағ, ниҳодҳои марбутаи вазорати тандурустӣ ва омор бо таҷҳизоти компютерӣ ва дастрасӣ ба шабакаҳои мухобиротии зарурӣ таъмин мешаванд.


Ширкати бозоршиносии Ай Дӣ Сӣ мегӯяд, соли 2013 дар саросари ҷаҳон бештар аз 190 миллион дона таблет ва лавҳҳои электронӣ фурӯхта хоҳад шуд, ки назар ба соли гузашта 11 дар сад бештар аст. Баъди соли 2017, ба тахмини ин ширкат, солона дар ҷаҳон 350 миллион дона таблет ба фурӯш хоҳад рафт. Фурӯши компютерҳои муқаррарӣ ҳамчунон коҳиш хоҳад ёфт ва имсол яку аз даҳ се дар сад кам шуда, ба 345 миллион дона хоҳад расид.


Ширкати Катерпиллар, ки умдатан мошинҳои бузургу таҷҳизоти сохтмонӣ тавлид мекунад, як телефони ҳушмандеро муаррифӣ кард, ки барои истифода дар шароити фавқулода пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ширкат, телефони КАТ Бӣ 15 ба шарофати бадани алюминӣ ва ҷилди резинии қавӣ ба осонӣ осеб намебинад. Агар аз ду метр баландӣ ҳам биафтад, намешиканад ва дар зери об ҳам аз кор намемонад. Телефони 10 сантиметрии Катерпилларро бо нармафзори Андроид кор мекунад ва аз ҳамин моҳ бо арзиши 430 доллар ба фурӯш гузошта мешавад.


Видеои Ҳарлем Шейкро, ки танҳо моҳи январ дар торнамои Ютюб гузошта буданд, то имрӯз андаке бештар аз як миллиард бор дидаанд. Аз ин пештар видеои Гангнам Стайл, як овозхони маъруфи куриёӣ, рекорди як миллиардӣ дар Ютюбро шикаст ва пурбинандатарин видео дар ин торнамои иҷтимоӣ шуд. Ҳарлем Шейк як навъ рақсест, ки бар асоси як рақси суннатии африқоӣ шакл гирифтааст ва баъди намоишаш дар Ютюб ҳазорон нафар бо нусхабардорӣ аз он видеоҳои худро дар торнамои мазкур гузоштанд.
XS
SM
MD
LG