Пайвандҳои дастрасӣ

Ду сайёҳи чехро дар Покистон рабудаанд


Афроди мусаллаҳ дар Покистон ду сайёҳи чехро дар вилояти ноороми Балуҷистони ин кишвар рабудаанд. Зафар Иқбол як мақоми маҳаллӣ аз ин вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, ду зани чех аз Эрон вориди Балуҷистон шуда ва дар автобуси мусофирбаре сафар мекарданд ва барои муҳофизати онҳо ду нафарро ҳам сафарбар карда будаанд. Ба гуфтаи ронандаи автобус афроди мусаллаҳ, ки либоси низомӣ ба тан доштаанд, рӯзи чаҳоршанбе автобусро нигаҳ дошта ва ҳар ду сайёҳ ва муҳофизонро бурдаанд. Муҳофизонро дертар раҳо карда вале шаҳрвандони Ҷумҳурии Чехро бо худ бурдаанд. Сардори раёсати умури дохилии Балуҷистон гуфтааст, ки ҷустуҷӯи хориҷиён идома дорад. Балуҷистон борҳо шоҳиди одамрабоӣ шудааст, ки онро кори дасти тундравони исломӣ, гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ва ҷинояткорон медонанд. Аз ҷумла тундравони исломӣ чанде пеш додситони вилоят ва як вакили мардумии маҷлиси вилоятиро рабуданд.
XS
SM
MD
LG