Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо ба интихоби попи нави Рум


Раҳбарони сиёсӣ ва пешвоёни мазҳабии ҷаҳон ба интихоби попи нави Рум вокуниш мекунанд. Рӯзе пеш анҷумани кардиналҳо дар Ватикан, Хорхе Марио Бергоглио, рӯҳонии мӯътабар аз Аргентинаро, пешвои нави 1 миллиарду 200 миллион нафар католикҳои ҷаҳон баргузиданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо истиқбол аз интихоби нахустин поп аз қораи Амрико онро “аломати тавоноӣ ва сарзиндагии” ин қора” хонд. Барак Обама раҳбарии калисои католикҳои ҷаҳонро “кори муқаддас” номид ва гуфт, омодаи ҳамкорӣ бо попи нав дар заминаи ривоҷи сулҳу субот ва шараф барои пайравони тамоми мазҳабҳои дунёст. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, гуфт, умедвор аст, ки Поп Франсис ҳамчунон муколама байни динҳоро идома хоҳад дод. Калисои ортодокси Русия ҳам аз интихоби попи нав истиқбол кард ва гуфт, “умедвор аст, ки ҳамкорӣ миёни калисоҳои ортодокс ва католик дар рӯҳияи мусбат” рушд хоҳад кард. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, “бахусус аз хушбахтии насрониҳои Амрикои Лотинӣ” хушҳол аст.
XS
SM
MD
LG