Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз СММ дархости кумак кард


Мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар иҷлосияи 56-уми СММ ширкат карда, барои татбиқи ҳамаҷонибаи барномаи давлатии Тоҷикистон дар амри мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир аз Созмони Миллал ва кишварҳои маблағгузор кумак хост.

Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯи ин агентӣ, 14 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар ин ҷаласа Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, дар бораи натиҷаҳои иҷрои “Барномаи ягонаи давлатии пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2008-2012”, ҳамчунин, дар бораи ҳадафҳо ва вазифаҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва роҳҳои татбиқи он маълумот додааст.
XS
SM
MD
LG