Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин ГТО-ро дар Русия эҳё мекунад


Владимир Путин хостори дубора роҳандозӣ шудани меъёрҳои барномаи шӯравии “Ба кору мудофиа тайёр!” ё ГТО гардид.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, сарвари Русия рӯзи чаҳоршанбе ГТО (“Готов к труду и обороне”)-ро “механизми воқеъан фаъол” дар Иттиҳоди шӯравӣ номид ва гуфт, ки он бояд эҳё карда шавад. Ӯ афзуд, ки натиҷаҳои супурдани меъёри ГТО ба номаи камоли толибилмон ворид ва ҳангоми вуруди довталабон ба донишкадаҳо ба назар гирифта мешавад.

Владимир Путин аз масъулини вазорати маорифу илм ва вазорати варзиш хост, ки ба ин мавзӯъ расидагӣ кунанд. Дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишиии “Самбо-70” дар шаҳри Маскав ӯ гуфт, ки “эҳёи ин систем дар тарзи наву муосир метавонад манфиати зиёд оварад. Онро ҳаргуна метавон номгузорӣ кард. Аммо онро бояд барқарор намуд”. Дар ин маросим ҳунарманди маъруфи синамои Амрико Стивен Сигал ҳамҳузур дошт.

Барномаи “Ба кору мудофиа тайёр” аз соли 1931 то соли 1991 дар мактабу донишгоҳҳо ва корхонаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард. Ҳар шаҳрванди шӯравӣ муваззаф буд, ки вобаста ба синну солаш ( аз 10 то 60-сола) меъёрҳои ГТО-ро супорад. Ба барномаи ГТО давидан, ҷаҳидан ба баландиву ба дарозӣ, машқ дар турник, норинҷакандозӣ ва оббозӣ дохил мешуд.
XS
SM
MD
LG