Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон наврасони бомбгузор боздошт шуданд


Полиси Покистон гурӯҳи наврасонро бо гумони бомбгузорӣ дар шаҳри Квейта, маркази вилояти Балуҷистон, боздошт кард.

Раиси полиси маҳаллӣ дар нишасти хабарӣ боздоштшудаҳоро дар маҳзари ом гузошт ва гуфт, ки онҳо аз хонаводаҳои фақир буда, аз сӯи як гурӯҳи ифротгаро барои бомбгузорӣ ҷалб шудаанд. Ӯ афзуд, ки бархе аз боздоштшудаҳо даст доштани худ дар инфиҷори мошини нерӯҳои марзбонии Покистонро иқрор карданд. Дар он ҳодиса, ки рӯзи 10 январ рӯй дода буд, ду сарбоз ва 9 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG