Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хорхе Бергилио Попи нави Рум интихоб шуд


Хорхе Марио Бергилио, кардинал аз Буэнос-Айрес, Попи нави Рум интихоб шуд. Дар бораи интихоб шудани Попи нави Рум чанд лаҳза пеш расман кардинали фаронсавӣ Жан Луи Торан хабар дод. Попи нав номи Франсискро мегирад.
Шоми имрӯз аз дудбарои намозхонаи Сикстина дар Ватикан дуди сафед берун шуд ва ба мардуме, ки дар майдони Петри муқаддас ҷамъ омада буданд, дар бораи интихоб шудани Попи нави Рум паём дод. Ҳамзамон бо ин садои зангулаҳо баланд шуд.

Интихоби Попи Рум аз сӯи 115 каррдинал, ки аз 1,2 миллиард пайравони калисои католикӣ намояндагӣ мекунанд, комилан махфӣ ва пушти дарҳои баста сурат гирифт.Аз ин пеш расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки се номзади эҳтимолӣ – кардинали итолиёвӣ Анҷело Скола, кардинали бразилиягӣ Одило Шерера ва кардинал аз Канада Марк Уэлл шонси Попи Рум шуданро доранд.

Попи пешини Рум Бенедикти 16 моҳи гузашта ба истеъфо рафт ва аз ин баъд чун Попи фахрӣ боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG