Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати зани тоҷик дар сӯхторе дар Балашиха


Бар асари сӯхтор дар бозори молҳои сохтмонии “Абрамтсево”, воқеъ дар шаҳри Балашихаи канори Маскав, як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба радиои Озодӣ гуфт, бар пояи ахбори муқаддамотӣ, дар сӯхтор ду зане ба ҳалокат расидаанд, ки дар қаҳвахонаи “Алёнушка” дар дохили ин бозор кор мекарданд. Айни ҳол ҷасадҳо дар сардхонаи ноҳияи Голяново мебошанд ва ташхиси ҳуввияти онҳо идома дорад. Дипломати тоҷик афзуд, айни ҳол корманди консулгарӣ Манучеҳр Файзулллоев дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва ӯ бо бархе аз ҳамватанҳо, ки дар ин бозор кор мекунанд, мулоқот кардааст. Ба гуфтаи онҳо, яке аз қурбониёни ҳодиса шояд Марҷона Шерова, зодаи деҳаи Яккатути ноҳияи Ҳисор бошад.

Муҳаммад Эгамзод гуфт, ки корманди консулгарӣ бо пайвандони Марҷона Шерова ҳам сӯҳбат кардааст ва қарор аст, ки волидайни Марҷона аз вилояти Липетск ба Маскав биёянд.

Гуфта мешавад, ки Марҷона ҳамагӣ як ҳафта пеш дар қаҳвахона кор пайдо карда буд. Ӯ духтари чаҳорсола дорад, ки ҳамроҳ бо волидайнаш дар Липетск зиндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG