Пайвандҳои дастрасӣ

Путин: Ба кору мудофиа тайёр бошед!


Путин ва Сигал зимни ифтитоҳи маҷмааи "Самбо-70"

Путин ва Сигал зимни ифтитоҳи маҷмааи "Самбо-70"

Владимир Путин хостори дубора дар Русия роҳандозӣ шудани меъёрҳои барномаи шӯравии “Ба кору мудофиа тайёр!” ё ГТО гардид.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, сарвари Русия рӯзи чаҳоршанбе ГТО (“Готов к труду и обороне”)-ро “механизми воқеъан фаъол” дар Иттиҳоди шӯравӣ номид ва гуфт, ки он бояд эҳё карда шавад. Ӯ афзуд, ки натиҷаҳои супурдани меъёри ГТО ба номаи камоли толибилмон ворид ва ҳангоми вуруди довталабон ба донишкадаҳо ба назар гирифта мешавад.

Владимир Путин аз масъулини вазорати маорифу илм ва вазорати варзиш хост, ки ба ин мавзӯъ расидагӣ кунанд. Дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишиии “Самбо-70” дар шаҳри Маскав ӯ гуфт, ки “эҳёи ин систем дар тарзи наву муосир метавонад манфиати зиёд оварад. Онро ҳаргуна метавон номгузорӣ кард. Аммо онро бояд барқарор намуд”. Дар ин маросим ҳунарманди маъруфи синамои Амрико Стивен Сигал ҳамҳузур дошт.

Пешниҳоди эҳёи барномаи ГТО бори аввал моҳи июни соли 2005 дар як нишасти вазорати дифои Русия садо дод. Дар он нишаст гуфта шуд, ки сарбозони навхат бидуни омодагӣ ба артиш мераванд ва барои аз ҷиҳати ҷисмонӣ нерӯманд сохтани онҳо аз 6 то 9 моҳ сарф мешавад.

Моҳи октябри соли гузашта муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин ҳам хостори эҳёи меъёрҳои ГТО дар мактабу донишгоҳҳои кишвар шуда буд. Моҳи январи соли равон вазири минотиқи Русия Игор Слюняев ба зарурати баргардонидани меъёрҳои ГТО таъкид кард ва собиқ вазири варзиши Русия Виталий Мутко гуфт, ки то Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи ГТО ба мактабу донишгоҳҳои Русия бармегардад.

Барномаи “Ба кору мудофиа тайёр” аз соли 1931 то соли 1991 дар мактабу донишгоҳҳо ва корхонаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард. Ҳар шаҳрванди шӯравӣ муваззаф буд, ки вобаста ба синну солаш (аз 16 то 60-сола) меъёрҳои ГТО-ро супорад. Ба барномаи ГТО давидан, ҷаҳидан ба баландиву ба дарозӣ, машқ дар турник, норинҷакандозӣ ва оббозӣ дохил мешуд. Онҳое, ки меъёрҳоро бомуваффақият месупурдаанд, соҳиби нишонаҳои тиллоӣ ва нуқрагини ГТО мешуданд.
XS
SM
MD
LG