Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2012 бегонаситезони Русия 19 нафарро куштаанд


Маркази ҳуқуқи башари “Сова” дар Маскав мегӯяд, ки дар давоми соли 2012 бегонаситезӣ дар ин кишвар ҳамчунон дар сатҳи баланд боқӣ мондааст.

Гузориши ин маркази ҳуқуқи башари Русия рӯзи чаҳоршанбе дар Маскав ба нашр расид ва дар он гуфта мешавад, ки дар давоми соли гузашта 19 нафар қурбони ҳамлаҳои бегонаситезон шудаанд ва 187 нафар осеб дидаанд.

Дар ин ҳамлаҳо бегонаситезон аслан афроди дорои чеҳраи ғайриславяниро ҳадаф қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG