Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати тандурустӣ ба низоми электронии алоқа мегузарад


Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Оҷонсии давлатии омор, Вазорати адлия бо кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупо пешнависи барномаеро барои роҳандозии иттилоърасонии электронӣ таҳия кардааст. Ин тарҳ 3,4 миллион евро арзиш хоҳад дошт.

Сафар Сайфиддинов-мудири Маркази ҷумҳуриявии итилоърасонӣ ва омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки системаи онлайн имкон медиҳад, ки агар як нафар дар минтақаи дурдасти Бадахшон ба бемории домана гирифтор шавад, зуд ин хабар ба ниҳодҳои марказии беҳдошти Тоҷикистон мерасад.

Ба гуфтаи Сафар Сайфиддинов дар ҳоли ҳозир ширкати олмонии EPOS масъули татбиқи ин тарҳ буда, барои фароҳам кардани компютерҳо ва таҷҳизоти зарурӣ дар системаи онлайн озмун эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG