Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боди низоъҳои минтақа аз кадом сӯи Омӯ мевазад?


Низоъшиноси тоҷик мӯътақид аст, ки таҳдидҳои хориҷӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари бештаре эҷод мекунанд, то таҳдидҳои дохилӣ.

Раҳматуллоҳ Абдуллоев, мудири Маркази низоъшиносии Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Осиёи Марказӣ ҳамчунон ба ду даста таҳдидҳое рӯбарӯст, ки метавонанд ҳам амнияти ин минтақа ва ҳам муносиботи байни кишварҳои ин қаламравро ноором бисозанд. Ба ақидаи ин таҳлилгар, омилҳои низоъзо дар дохили худи минтақа, аз ҷумла идомаи баҳсу танишҳо бар сари масоили обу энержӣ, марзҳо ва дастрасӣ ба шабакаҳои иртибототӣ, низ хеле ҷиддианд, вале набояд нақши омили беруна дар равандҳои сиёсии Осиёи Марказиро ба чашми кам дид.



Раҳматуллоҳ Абдуллоев
Раҳматуллоҳ Абдуллоев
Оқои Абдуллоев мегӯяд, талошҳои режими Толибон дар солҳои 90 барои барандохтани низомҳои ҳоким дар ин сӯи Омӯ ва ҳам таҷрубаи талхи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон далолат бар он мекунанд, ки омили хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ то ҳол таъсири хеле ҷиддӣ дорад ва бо афзоиши рақобати қудратҳо барои касби нуфуз ва ҳузури бештар дар ин минтақа нақши ин омил метавонад нисбат ба омили дохилӣ боз ҳам муҳимтар шавад.

Қосимшоҳ Искандаров-таҳлилгари минтақаии тоҷик низ бар ин ақида аст, ки таҳдидҳои хориҷӣ нисбат ба таҳдидҳои дохилӣ бештар аст. Вай мегӯяд, агар чунин иттифоқе ҳам биафтад, ки инқилобҳои "Баҳори Араб" дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ такрор шавад, боз ҳам сарчашмаи он метавонад дар хориҷ бошад. Ман фикр мекунам, ки ин имконият шояд дар Қазоқистон бештар бошад. Дар он ҷо низоми нимадемократӣ вуҷуд дорад. Вале дар Тоҷикистон имкони сар задани инқилобе мисли инқилоби "Баҳори Араб" камтар аст.

Ин дар ҳолест, ки бино бар гузориши солонаи созмони иктишофии миллии Амрико мегӯяд, таҳдидҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар аз дохили худи ин кишварҳо бармехезанд, то аз Афғонистон. Сомонаи Евразиянет дар матлабе дар ин мавзӯъ менависад, ин ки чунин нуқтаи назар муноқиз бо баёнияҳои ахири вазоратҳои дифоъу хориҷа ва ҳам Конгресс аст, ки ба таҳдиди исломӣ ба минтақа аз Афғонистон таъкид мекарданд.


Ҷеймс Клаппер
Ҷеймс Клаппер
Мудири идораи иктишофи миллии Амрико Ҷеймс Клаппер ҳарсол гузориши солонааш таҳти унвони “Арзёбии таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба ниҳодҳои иктишофии Амрико”-ро ба Сенат ироа мекунад. Бахши Осиёи Марказии гузориши имсола бештар рӯи таҳдидҳои дохилӣ ба кишварҳои ин минтақа тамаркуз кардааст.
Гузориш аз ҷумла мегӯяд: “Таҳдиди бесуботӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳифзи суботро аз ислоҳоти сиёсиву иқтисодие, ки битавонад вазъи раҳбарӣ ва машрӯъияти қудрати онҳоро дар дарозмуддат солим гардонад, боло мегузоранд. Аксари онҳо аз аломатҳои ошӯбҳои назири “Баҳори Араб” метарсанд ва ҳатто хурдтарин аломати норозигиро фурӯ менишонанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ бо якдигар равобити созанда бунёд накардаанд, рақобати хусусӣ ва баҳсҳои қадима бар сари марзҳо ва манобеъи обу энержӣ боиси пайдоиши танишҳои дуҷониба байни кишварҳои ҳамсоя ва манбаъҳои низоъҳои эҳтимолӣ мешавад. Низоъҳои қавмӣ, ки метавонанд ба сурати пароканда буруз кунанд, низ аз эҳтимол дур нест. “

Дар бахши Қафқози ин гузориш гуфта мешавад, ки пирӯзии эътилофи Бидзина Иванишвилӣ дар интихоботи парлумонии Гурҷистон, эҳтимоли бурузи дубораи низоъ байни Гурҷистону Русияро коҳиш дода, умедворӣ барои беҳбуди муносиботи онҳоро баръакс бештар кард, вале баъди ба поён расидани ҳукумати 10-солаи Михаел Саакашвилӣ ба Гурҷистон давраи гузариши сиёсии мураккаб ва хатари бесуботии дохилӣ таҳдид мекунад. Гузориш ҳамин тавр, ихтилофи Озарбойҷону Арманистон бар сари вилояти Қаробоғро ҳамчунон як манбаъи ташаннуҷ дар ҷануби Қафқоз ном мебарад.

Дар гузориш бори аввал нақши Русия дар таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон ҳамчун як василаи коҳиши таниши байни Вошингтону Маскав зикр шудааст, вале гуфта мешавад, ки ин нармиш зоҳиран табиати муваққат дорад: “Русия нисбат ба аҳдофи Амрико дар Афғонистон машкук боқӣ мемонад ва ба ҳар иқдоми Амрико барои ҳифзи ҳузури низомиаш баъд аз соли 2014 бо эҳтиёт бархӯрд мекунад, ки ин ҳамкории баъдии Маскавро зери суол мебарад.”
XS
SM
MD
LG