Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати вазъи беҳдошти кишвар дар низоми ONLINE


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, Вазорати адлия ва Оҷонсии давлатии омор бо пуштибонии молии Иттиҳоди Аврупо тарҳи пахши маълумот аз тариқи Онлайнро ба роҳ мемонанд. Ин тарҳ беш аз се миллион қиммат дорад ва маълумотро аз вазъи беҳдошт дар саросари кишвар таъмин мекунад.

Сафар Сайфиддинов мудири Маркази ҷумҳуриявии итилоъ ва омори Вазорати беҳдошти Тоҷикистон 13 март ба радиои Озодӣ гуфт, ки системаи Онлайн имкон медиҳад, ки агар як нафар дар минтақаи дурдаст ба бемории домана гирифтор шавад, ин хабар зуд ба ниҳодҳои беҳдоштии марказии Тоҷикистон мерасад.

Ба нақли Сафар Сайфиддинов дар ҳоли ҳозир ширкати олмонии EPOS, масъули татбиқи ин тарҳ, барои фароҳам кардани компютерҳо ва таҷҳизоти зарурӣ барои васли системаи ОНЛАЙН дар тамоми Марказҳои беҳдоштии Тоҷикистон тендер эълон кардааст.

Низоми ҷадиди муосири ОНЛАЙН имкон медиҳад, ки ниҳодҳои тандурустии Тоҷикистон вазъи шаборӯзии беҳдоштии мардумро таҳти назорат бигиранд ва ба маълумоти зарурэ дастрасӣ дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG