Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравҳо дар Кашмир ҳамлаи маргбор анҷом доданд


Кашмир, марзи Ҳиндустон
Кашмир, марзи Ҳиндустон
Пулис мегӯяд, як даста шӯришиён ба урдугоҳи шибҳанизомиён дар қисмати Кашмири Ҳиндустон ҳамла бурдаанд ва дар ҷараёни задухурд 5 сарбоз ва ду шӯришӣ кушта шудаанд.

Маноҷ Кумар Шри-корманди пулис мегӯяд, ки 10 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. 5 нафари онҳо аз гурӯҳи шибҳанизомиён ва 5 нафари дигар ғайринизомиён будаанд.
Касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, вале эҳтимол меравад, ки дар он мусулмонони ҷудоихоҳ даст доранд.

Минтақаи Ҳимолой байни Ҳиндустону Покистон тақсим шудааст. Аз муддатҳо пеш Ҳиндустон Покистонро муттаҳам мекунад, ки дар ин минтақа тундравҳои исломиро машқ медиҳад.
XS
SM
MD
LG