Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон тарҳи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон -Туркманистонро ба сарони ин кишварҳо пешниҳод хоҳад кард.

Ҷумъахон Зуҳуров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 13-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озоди гуфт, «қарор аст, мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Ҳомиди Карзай, руасои ҷумҳури Туркманистон ва Афғонистон дар ҳошияи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Ишқобод, ки қарор аст то як ҳафтаи дигар баргузор шавад, сурат бигирад. Ҷониби Тоҷикистон дар ин гуфтугӯҳо лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистонро пешниҳод мекунад, ки умед дорем, аз сӯи сарварони ин кишварҳо пуштибонӣ ёбад.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки торнамои расмии «Турманистони тиллоӣ», аз ҷонибдории ин тарҳ тавассути Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Турманистон хабар додааст. Ба навиштаи ин сомона, президенти Туркманистон аз ибтикороти ҷониби Тоҷикистон барои роҳандозӣ ва пайвастани роҳи оҳани ду кишвар дар қаламрави Афғонистон истиқбол карда ва иҷрои онро иқдоми амалӣ ба хотири эҳёи зербинои иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвари минтақа ва ҳамкориҳои бештари нақлиётӣ миёни ду кишвар арзёбӣ кардааст.

Аммо дар ҳоле, ки Тоҷикистон ахиран аз ширкат дар тарҳи роҳи оҳани Чин то Афғонистону Эрон сарфи назар шуд, мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мавриди иҷро қарор гирифтани лоиҳаи сохтмони роҳи қатори Тоҷикистон –Афғонистон -Туркманистонро ҷуброни тарҳи аввалӣ медонанд.

Зеро ба таъкиди Ҷумъахон Зуҳуров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, «ин тарҳ, ки амалӣ шавад, Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон ва он ҳам Мазори Шариф ба роҳи оҳани «Чин- Қирғизистон -Узбакистон - Афғонистон - Эрон» мепайвандад.»

Ҳамакнун ба гуфтаи ҷаноби Зуҳуров, ҷониби Туркманистон ба иҷрои ин тарҳ оғоз кардааст, ки роҳи оҳан дар қаламрави ин кишвар то Афғонистон 440 км -ро ташкил медиҳад. Аммо масоҳати роҳи қатор дар қаламрави Тоҷикистон 50 км буда, ки он аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ то Панҷи Поён, дар марз бо Афғонистон сохта мешавад. Ҳарчанд ҳанӯз ин тарҳ лоиҳакашӣ нашудааст, вале мақомоти вазорати нақлиёт умедворанд, ки бо пуштибонии ҳамаҷониба аз сӯи президентони Туркманистону Афғонистон, сохтмони роҳи қатор дар қаламрави Тоҷикистон мушкиле нахоҳад дошт.


Бо он ки ин тарҳ дар чорчӯби пешниҳод аст, аммо Ҷумъахон Зуҳуров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, он аҳамияти на танҳо байналмилалӣ дорад, балки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун хоҳад кард, «бубинед вилояти Хатлон дар «тупик», яъне бунбаст мондааст. Бо сохтмони ин роҳ Хатлон аз ин вазъ берун хоҳад шуд ва ҳоло сохтмони роҳи қатори «Ваҳдат - Ёвон» ҷараён дорад, ки баъдан ба Хатлон ва Душанбе мепайвандад. Умуман Тоҷикистон бо сохтмони ин роҳи қатор тариқи Афғонистону Туркманистон боз ба роҳи аввалӣ пайваст мешавад ва боз ба Русия ва Қазоқистон ҳамроҳ хоҳад шуд».

Ҳадяи Сафар, коршиноси тоҷик бо шунидани хабари талошҳо барои роҳандозии тарҳи сохмтони роҳи қатори Тоҷикистон - Афғонистон -Турманистон мегӯяд, «ҳарчанд кишвари ҳамсоя - Узбакистон бо ҳар роҳ мехоҳад то Тоҷикистонро дар инзивои иртиботӣ қарор бидиҳад, аммо боз ҳам бахти ин миллату давлат баландӣ мекунад ва роҳи дигаре, ё гӯшаи дигаре пайдо мешавад, ки кишварро аз бунбасту вобастагӣ раҳо кунад. Яъне ҳар қадар кӯшиш мекунанд, ки моро дар канор қарор диҳанд, аммо боз ҳам Тоҷикистон бо хости худованд метавонад аз мушкил берун шавад.»

Ин коршиноси тоҷик аз мавриди ахир дар робита ба иҷрои тарҳи роҳи оҳани Чин ба Афғонистону Эрон ёд овард, ки дар оғоз Тоҷикистон шомили ин тарҳ буд, аммо баъдан бо «мусоидат» -и кишварҳои ҳамсоя, ба хусус ҷониби Узбакистон, аз он сарфи назар шуд. Тоҷикистон то кунун танҳо тариқи Узбакистон то ба Туркманистону Қазоқистону Русия роҳи қатор дорад. Аммо дар чанд соли ахир ҷониби Узбакистон борҳо маҳдудиятҳоеро дар роҳи интиқоли бору коло ва сафари шаҳрвандони тоҷик эҷод кардааст.

Дар банд мондани садҳо қатори бору коло дар қаламрави Узбакистон дар ду соли пеш то ҳанӯз ҳам аз хотирҳо нарафтааст. Гузашта аз ин, соле пеш ҷониби Узбакистон роҳи Амузанг - Тирмиз» -ро, ки ба вилояти Хатлони Тоҷикистон мепайвандад, тахриб кард ва ба иқтисоди ин кишварҳо хисоротии ҳангуфте ворид гардид.

Бо ин ҳама, Тоҷикистон ин ҳама азияту озор ва ранҷро таҳаммул мекунад ва бо ҳар роҳ дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави берун шудан аз бунбасти комуникатсионӣ аст.

Аз роҳбандии Узбакистон чӣ зиён дидед? (Навор аз бойгонӣ)

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG